Ru  | Tj
Ширкати "Барқи тоҷик": Афғонистон ваъда додааст, ки ҷиҳати истифодаи нерӯи барқ ба Тоҷикистон $33 миллионро бармегардонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати "Барқи тоҷик": Афғонистон ваъда додааст, ки ҷиҳати истифодаи нерӯи барқ ба Тоҷикистон $33 миллионро бармегардонад
Акс: ASIA-Plus

Ширкати "Барқи тоҷик": Афғонистон ваъда додааст, ки ҷиҳати истифодаи нерӯи барқ ба Тоҷикистон $33 миллионро бармегардонад

Нашр шуд

Феълан қарзи ширкати нерӯи барқи Афғонистон-Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) 33 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои "Азия-плюс", Маҳмадумар Асозода, роҳбари ШСХК "Барқи тоҷик" рӯзи 31-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки роҳбарияти ширкати барқии афғон ваъда додааст, ки моҳи феврал қарзҳои Тоҷикистонро пардохт менамояд.

Гуфта мешавад, ки дар моҳи январ DABS ба Тоҷикистон 2 миллион долларро баргардонда, қавл додааст, ки дар давоми ҳафтаи равон ҳамин миқдор маблағи дигарро низ пардохт менамояд.

Ҳамчунин, тибқи маълумоти "Барқи тоҷик" миқдори содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2021 635,9 миллион сосомониро ташкил намуда буд.

Ёдрас менамоем, ки охири моҳи декабри соли 2021 миёни ширкати "Барқи тоҷик"  ва ширкати афғонии  DABS мувофиқа ҳосил шуда буд, ки дар асоси шартномаи  дар соли 2008 басташуда, интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя-Афғонистон то соли  2028  давом мекунад. 


БМТ: 3 бонки Тоҷикистон ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ворид гардиданд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед