Ru  | Tj
Ширкати "БТК Групп"-и Русия дар Хуҷанд корхонаи дӯзандагӣ месозад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати "БТК Групп"-и Русия дар Хуҷанд корхонаи дӯзандагӣ месозад
Акс: аз манбаъҳои боз

Ширкати "БТК Групп"-и Русия дар Хуҷанд корхонаи дӯзандагӣ месозад

Нашр шуд

Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави дӯзандагӣ бо сармоягузории ширкати русӣ ба фаъолият оғоз мекунад.

Дар шаҳри Хуҷанд ахиран мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Сергей Костогриз, намояндаи ширкати "БТК Групп"- и Русия баргузор шуд. Дар ин бора хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар дод.

Дар ин замина зикр шуд, ки ширкати "БТК Групп"-и Русия дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба кишту парвариши пахта, коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ - либосҳои махсус машғул буда, тибқи фармоиш маҳсулотро ба Русия содирот менамояд.

 Ба иттилои масъулин талабот ба маҳсулоти онҳо дар Русия зиёд шуд ва аз ин лиҳоз тасмим гирифта шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд дар заминаи корхонаи "Зиннат" корхонаи дӯзандагӣ роҳандозӣ карда шавад. Гуфта мешавад, ки алакай бо ин ҳадаф ба маблағи 265 миллион рубли русӣ таҷҳизоти зарурӣ ва мошинаҳои дарздӯзӣ ба Хуҷанд ворид карда шуд.

Тибқи гуфтаи масъулин, корхонаи нави дӯзандагӣ метавонад дар марҳилаи аввал 350 нафарро ба кор қабул намояд.

Ба иттилои ин манбаъ, вилояти Суғд бо минтақаҳои гуногуни Русия ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, бо сармоягузориҳои муштарак чандин корхонаҳои саноатӣ дар ин вилоят фаъолият доранд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки вилояти Суғд омода аст ҳамкориҳоро бо ширкатҳои Русия дар бахшҳои саноату кишоварзӣ боз ҳам тақвият бахшад.

Бояд гуфт, ки тайи солҳои охир Русия дар садри шарикони тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад.
 
Тибқи омори расмӣ ҳаҷми муомилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба 968,5 миллион доллар баробар шуд, ки нисбати соли гузашта 14,1% афзоиш ёфтааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед