Ru  | Tj
Ширкати ҳиндӣ бо 100 млн доллар дар Ӯзбекистон шаҳраки тиббӣ месозад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати ҳиндӣ бо 100 млн доллар дар Ӯзбекистон шаҳраки тиббӣ месозад
Акс: Podrobno.uz

Ширкати ҳиндӣ бо 100 млн доллар дар Ӯзбекистон шаҳраки тиббӣ месозад

Нашр шуд

Ширкати ҳиндии «Aakash Healthcare» барои сохтмони шаҳраки тиббӣ дар Тошканд 100 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Пойгоҳи  Podrobno.uz аз қавли Аашиш Чаудрӣ, мудири иҷроияи ин ширкат хабар додааст, ки дар ин замина бо ҷониби Ӯзбекистон ёддошти ҳусни тафоҳум имзо шудааст.

«Мо аллакай бо намояндагони Ӯзбекистон ёддошти ҳусни тафоҳум имзо кардаем. Ба мо 10 гектар замин барои бунёди як бемористони замонавӣ бо зерсохтҳои навтарин, таҷҳизоти тиббӣ, пизишкони соҳибихтисос ва кормандони миёнаи тиббӣ ҷудо карда мешавад», - гуфт Чаудрӣ ба хабарнигорон.

Ба навиштаи ин манбаъ, тибқи лоиҳа дар шаҳраки нави тиббӣ дар Тошканд омӯзишгоҳи тиббӣ, аз ҷумла муассисаи таълимӣ барои тайёр кардани парасторҳо (ҳамшираҳои шафқат) низ бунёд мешавад. Дар назар аст, ки барои татбиқи лоиҳаи нав ба маблағи 100 миллион доллар сармоя ҷалб шуда, ҳудуди 3 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар ноҳияи Учтеппаи шаҳри Тошканд дар ҳамдастӣ бо ширкати «Aakash Healthcare» дармонгоҳи бисёрсоҳавӣ кушода шуда буд, ки арзиши умумии ин лоиҳа 10 миллион доллар аст.

Гуфта мешавад, ки ширкати тиббии «Aakash Healthcare» дар Деҳлӣ ҷойгир буда, дорои зерсохтҳои муосир, фанноварии навтарин, табибони касбӣ ва дигар мутахассисони соҳаи тиб мебошад.

Ин муассисаи тиббӣ дар соҳаи ҷарроҳии ортопедӣ ва ҷарроҳии ивазсозии буғумҳо маъруф аст. Инчунин дар ширкати тиббии «Aakash Healthcare» бахшҳои кардиология ва ҷарроҳии дил, ҷарроҳии умумӣ, офталмология, неврология, нейрохирургия ва ғайра мавҷуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед