Ru  | Tj
Ширкати машҳури “Гленкор” дар Тоҷикистон корхонаи металлургӣ месозад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати машҳури “Гленкор” дар Тоҷикистон корхонаи металлургӣ месозад
Фото: Ведомости

Ширкати машҳури “Гленкор” дар Тоҷикистон корхонаи металлургӣ месозад

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти ширкати байналмиллалии (Glencore International AG) Айван Глазенберг мулоқоти расмӣ анҷом дод.

Чӣ тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ зикр гардид, ки ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву руҳи Тоҷикистон ба роҳ монда шавад ва ширкати “Гленкор” барои бунёди корхонаи металлургӣ саҳмгузорӣ менамояд.

Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсарияро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои азнавсозии технологии Ширкати Алюминийи Тоҷик, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” то як миллион тонна дар маркази мулоҳиза қарор гирифт.

Алюминий, тилло, нафт: дар Тоҷикистон кадом корхонаҳо ҳастанд?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед