Ru  | Tj
Ширкати миллии Чин дар ҷануби Тоҷикистон нафту газ меҷӯяд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати миллии Чин дар ҷануби Тоҷикистон нафту газ меҷӯяд
Акс: comunicom.ru

Ширкати миллии Чин дар ҷануби Тоҷикистон нафту газ меҷӯяд

Нашр шуд

Масоили корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ аз сӯйи Чин дар майдонҳои нафту газ дар вилояти Хатлон ахиран дар дидори раиси ин вилоят бо мудири намояндагии ширкати «CNPC» баррасӣ шуд.

Мақомоти вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки рӯзи 26-уми январ вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ин вилоят Давлаталӣ Саид бо мудири намояндагии ширкати «CNPC» (Корпоратсияи миллии нафту гази Чин) дар Тоҷикистон Лӣ Бинг баргузор гардид.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои амалишавии Созишномаи тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ дар майдонҳои нафту газ дар вилояти Хатлонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла Лӣ Бинг гуфтааст, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ ба рушди соҳаи нафту гази ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳад шуд.

Дар ин хабар зикр мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноатсозии босуръати кишвар алоқаманд аст.

Дар ҳамин ҳол Бонки тавсеъаи осиёӣ дар гузориши тозаи худ гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад зерсохтори истеҳсоли маҳсулоти нафтии худро бозсозӣ кунад.

Дар ин гузориш таъкид мегардад, ки соли 2022 дар Тоҷикистон тақрибан 25 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст. Дар баробари ин дар гузориш гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон ду корхонаи коркарди нафт бо иқтидори коркарди 150 ҳазор тонна нафт дар як сол мавҷуд аст.

Аз сӯйи дигар тибқи омори расмӣ дар соли гузашта дар Тоҷикистон 510 тонна бензин, 4 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 5,1 ҳазор тонна мазут ва 3,2 ҳазор тонна битум истеҳсол шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед