Ru  | Tj
Ширкати “S7 Airlines”-и Русия парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон оғоз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати “S7 Airlines”-и Русия парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон оғоз кард
Акс: Legal.Report

Ширкати “S7 Airlines”-и Русия парвозҳои мунтазамро ба Тоҷикистон оғоз кард

Нашр шуд

Шурӯъ аз 3-юми апрел парвозҳои ҳамарӯза дар масири Москва-Хуҷанд-Москва ба роҳ монда шуд.

Тавре АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад, аз имрӯз, 4-уми апрел парвозҳо дар самти Новосибирск-Душанбе-Новосибирск шурӯъ шуда, дар як ҳафта ду маротиба - рӯзҳои душанбе ва чоршанбе амалӣ мегарданд.

Гуфта мешавад, ширкати ҳавопаймоии “S7 Airlines” қасд намудааст, ки парвозҳояшро аз Новосибирск ба Бохтар ва баръакс рӯзи 5-уми апрел ва аз Новосибирск ба Хуҷанд ва баргашт рӯзи 7-уми апрел низ ба роҳ монад.

Қайд мегардад, ки парвозҳо ба ҳамаи самтҳо ҳафтае ду маротиба, аз ҷумла ба масири Новосибирск-Бохтар-Новосибириск рӯзҳои сешанбе ва чоршанбе ва ба самти Новосибирск-Хуҷанд-Новосибириск рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе анҷом дода хоҳанд шуд.

Ширкати “S7 Airlines” ширкати ҳавопаймоии Русия буда, он узви иттиҳоди ҷаҳонии авиатсионии “Oneworld” мебошад.

Ширкати мазкур парвозҳои дохиливу байналмилалиро амалӣ менамояд ва дар Русия дуюмин ширкати бузурги ҳавопаймоӣ маҳсуб меёбад.

Қобили қайд аст, чанде пеш Агентии авиатсия граждании Тоҷикистон гуфта буд, ки ширкатҳои ҳавопаймоиро барои гарон кардани арзиши чиптаҳои парвоз муҷозот мекунад. Дар ҳолати такроран боло бурдани қимати парвозҳо, мақомоти авиатсионии Тоҷикистон парвози ширкатҳои ҳавопаймоиро аз Русия ва бозгашт бекор мекунад.


Тоҷикистон бо Истанбул парвозҳои мунтазамро оғоз намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед