Ru  | Tj
Ширкати сайёҳие бо номи «Масъудиён» дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати сайёҳие бо номи «Масъудиён» дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард
Акс: Sputnik

Ширкати сайёҳие бо номи «Масъудиён» дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон чор ширкати нави сайёҳӣ -«Сайри якҷоя», «Маркази байналмилалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ», «Масъудиён» ва  «Хизматрасонии сайёҳӣ» ба фаъолият оғоз намуданд.

Имрӯз раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ба роҳбарони ширкатҳои навтаъсис иҷозатномаи фаъолиятро супурда, ҳамчунин барои фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбӣ таманно кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки дар заминаи имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шудааст.

Ҳамчунин имрӯз муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ширкати «Интурист» тамдид карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар бозори сайёҳии кишвар дар маҷмӯъ ба 234 ширкати сайёҳӣ иҷозатнома дода шудааст. Аз ин шумора 30 ширкати сайёҳӣ соли 2020 ва 24 ширкат имсол таъсис ёфтаанд.




Ду ҷавони ӯзбек пойи пиёда аз Тошканд ба Душанбе меоянд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед