Ru  | Tj
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Эмомалӣ Раҳмонро табрик намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Эмомалӣ Раҳмонро табрик намуд
Акс: Sputnik

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Эмомалӣ Раҳмонро табрик намуд

Нашр шуд

Роҳбари Исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал - Ҳусайнӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолият ба Президенти Тоҷикистон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

“Ҷаноби олӣ! Бо хурсандии бепоён дар ин рӯзе, ки Шумо 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиред, ман ба Шумо Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми тоҷик табрикот ва таманниёти неки худро иброз менамоям",- омадааст дар нома.

Ҳамчунин, дар барқияи табрикотӣ зикр гардидааст, ки Имомати Исмоилия ва ниҳодҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд кӯшиш менамоянд, ки ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои беҳтар кардани сифати зиндагии ҳамаи мардуми тоҷик дастгирӣ намоянд.

"Дар ин рӯзи фархунда ман дуогӯи сулҳу субот ва шукуфоии кишвари бузурги Шумо мебошам",- илова намудааст Оғохон.

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Генерал-губернатори Канада Мэри Мэй Саймон, Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел, подшоҳи Испания Фелипе, Президенти Ҷумҳурии Португалия Марсело Ребело де Соузаро, Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Яъқуб, сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-о-ча, Генерал-губернатори Иттиҳоди Канберраи Австралия Дэвид Хёрли, Президенти Африкаи Ҷанубӣ Матамела Сирил Рамафоса, Ҷумҳурии Исломии Мавритания Муҳаммад Валид аш-Шайх ал-Ғазавонӣ, Президенти Ҷумҳурии Малта Ҷорҷ Велле, собиқ Президенти Украина Леонид Кучма ворид гардиданд.




Путин аз рушд гуфту Байден аз мушкилоти дарозмуддат. Президентҳо Эмомалӣ Раҳмонро табрик карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед