Ru  | Tj
Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ: “Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо Толибони афғон дар тамос бошад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ: “Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо Толибони афғон дар тамос бошад”
Акс: Новости ДНД

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ: “Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо Толибони афғон дар тамос бошад”

Нашр шуд

Покистон мавқеашро бо Толибон баён кард.

23-уми август зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват кардааст, ки бо ҳаракати радикалии «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), ки дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, муколама кунанд. Дар ин бора ТАСС хабар додааст.

«Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо Толибони афғон дар тамос бошад», — мегӯяд Қурайшӣ.

Ин вазири Покистон мегӯяд, ки дар ояндаи наздик ӯ барои баррасии вазъияти Афғонистон ба Эрон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сафар хоҳад кард. Вай ҳамчунин иброз доштааст, ки Покистон ният дорад ба сулҳ дар ин кишвар мусоидат намояд ва умедвор аст дигар давлатҳои минтақа низ ҳамин тавр хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон кишвари Покистонро дар ба вуҷуд овардани Толибон гунаҳкор дониста ва ҳамчун кишвари душмани Афғонистон медонанд.

“Толибон” ваъда додаанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳанд кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед