Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Шоҳмотбоз Надежда Антонова дар Қаҳрамонии Осиё медали тило гирифт
Нашр шуд
Шоҳмотбози тоҷик Надежда Антонова, ки чанде пеш ғолиби мусобиқаи "Ҷоми Пешвои миллат" шуда буд, дар Қаҳрамонии Осиё миёни дӯстдорони бозии шоҳмот соҳиби медали тило шуд.
Ҳамчунин , Антонова дар қаҳрамонии Осиё миёни дӯстдорони бозии шоҳмот дар риштаи шоҳмоти зудбозӣ (рапид) соҳиби нишони биринҷӣ шуда буд.
Дар мусобиқаи мазкур, ки дар шаҳри Ал - Айни Амороти Муттаҳидаи Арабӣ аз 14 то 23 декабр доир шуд, шоҳмотбозони 31 мамлакат ширкат карданд.
Бояд гуфт, ки дар муддати як моҳи охир шатранҷбозони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё соҳиби ду медали тило шуданд.
Ба ғайр аз Надежда Антонова, моҳи ноябри имсол Суҳроб Ҳамдамов дар қаҳрамонии Осиё миёни шоҳмотбозони имконияташон маҳдуд соҳиби ҷойи аввал шуда буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед