Ru  | Tj
Шоҳзода Раҳим Оғохон бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳамкории Шабакаҳои Оғохон бо Тоҷикистонро баррасӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шоҳзода Раҳим Оғохон бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳамкории Шабакаҳои Оғохон бо Тоҷикистонро баррасӣ намуд
Акс: ASIA-plus

Шоҳзода Раҳим Оғохон бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳамкории Шабакаҳои Оғохон бо Тоҷикистонро баррасӣ намуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи сафари корӣ ба Фаронса бо Шоҳзода Раҳим Оғохон дар шаҳри Париж мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои Шабакаи Рушди Оғохон, Шоҳзода Раҳим Оғохон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бинои Қасри ЮНЕСКО баргузор гардид, ширкат варзид.

Ба шарҳи манбаъ, Шоҳзода Раҳим ҳангоми вохӯрӣ таманниёти нек ва самимии Волоҳазрат Оғохони IV- ро бахшида ба таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расонд.

Зикр мегардад, ки дар доираи дидор, ҷонибҳо дар атрофи масъалаи ҳамкорӣ ва дастовардҳои шабакаи Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Илова гардид, ки AKDN дар Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар шудани сифати зиндагии ҳамаи мардуми тоҷик лоиҳаҳои гугогунро дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ маблағгузорӣ менамояд.

Шабакаи Рушди Оғохон дар Тоҷикистон аз соли 1992 то инҷониб фаъолият дошта, дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар намояндагии худро дорад. 

Эмомалӣ Раҳмон ва Вячеслав Володин муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ намуданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед