Ru  | Tj
Шоири ҷавони тоҷик барандаи ҷоизаи байналмилалии Жолаи Исфаҳонӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шоири ҷавони тоҷик барандаи ҷоизаи байналмилалии Жолаи Исфаҳонӣ шуд
Акс: Интернет

Шоири ҷавони тоҷик барандаи ҷоизаи байналмилалии Жолаи Исфаҳонӣ шуд

Нашр шуд

Ба гузориши Halva.tj, дар Лондон ҷашнвораи дувоздаҳуми шеъри Жолаи Исфаҳонӣ, ки аз ҷониби Бунёди байналмилалии Жолаи Исфаҳонӣ роҳандозӣ мешавад, ҷамъбаст гардид.

Дар ин озмун шоирони то сисолаи Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ширкат намуданд ва Нурӣ Муҳаммади Истам барандаи ин озмун аз Тоҷикистон дониста шуд. 

Ҳамчунин, Пуриёи Паликон аз Эрон ва Ҳасан Ҷаъфарӣ аз Афғонистон низ барандагони ин озмун интихоб гардиданд. 

Бояд гуфт, ки дар ин озмун аз се кишвари форсизабон ҳудуди 200 шоири ҷавон ширкат карда буданд  ва Бунёди Жола аз ҳар кишвар як нафариро барандагони ҷоиза эълом дошт. 

Нурӣ Муҳаммади Истам аз шоирони ҷавону муваффақи тоҷик дониста мешавад. Вай дар даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” соли гузашта аз номинаи шоирӣ дар шаҳри Душанбе низ мақоми аввалро гирифта буд. 


“Шаҳри ҳушманд" дар Тоҷикистон İT-парк бунёд мекунад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед