Ru  | Tj
Шойгу: Русия барои таъмини амният дар Осиëи Марказӣ чораҳои зарурӣ меандешад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шойгу: Русия барои таъмини амният дар Осиëи Марказӣ чораҳои зарурӣ меандешад
Фото: РИА Новости

Шойгу: Русия барои таъмини амният дар Осиëи Марказӣ чораҳои зарурӣ меандешад

Нашр шуд

Вазири дифои Русия гуфт, ки кишвараш дар пасманзари вазъияти Афғонистон тавони ҷангии пойгоҳҳои низомияш дар Тоҷикистону  Қирғизистонро бештар мекунад.

Ба гузориши Sputnik, Сергей Шойгу имрӯз дар Тошканд дар ҳамоиши вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо зикри ин матлаб ба ҳамтоëни худ аз хатарҳои бархоста аз Афғонистон ҳушдор дод.

Манбаъ меафзояд, Шойгу ҳамчунин, гуфтааст, ки хатари аслӣ барои амнияти Осиёи Марказӣ ҳамоно авзои ноороми Афғонистон боқӣ мемонад, зеро дар ин кишвар созмонҳои террористие ба монанди ДИИШ* ва "Ал-Қоида"* фаъол шудаанд.

Вазири дифои Русия таъкид доштааст, ки кишвараш ҳама гуна ташаббусҳои байналмилалиро барои танзими масъалаи Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад, аммо дар ин миëн барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ низ чораҳои зарурӣ меандешад.

"Омодагии ҷангии пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистону Тоҷикистон ва дигар неруҳои вокуниши фаврӣ дар ҳолатҳои буҳрониро таҳким мебахшем", - гуфтааст аз ҷумла Шойгу.

Имрӯз дар Тошканд нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай оғоз гардид, ки дар он Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Тоҷикистон низ иштирок дорад.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст масоили амниятӣ, аз ҷумла вазъияти Афғонистону Украина мавриди баррасӣ қарор мегирад.

СҲШ соли 2001 таъсис ёфтааст ва феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд.


Путин гуфт, ки навсозии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таъмини амният аст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед