Ru  | Tj
Шойгу: Шабакаи ягонаи дифоъи ҳавоии СПАД амалан таъсис шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шойгу: Шабакаи ягонаи дифоъи ҳавоии СПАД амалан таъсис шудааст
Акс: "ТАСС"

Шойгу: Шабакаи ягонаи дифоъи ҳавоии СПАД амалан таъсис шудааст

Нашр шуд

Шабакаи ягонаи дифоъи ҳавоии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ амалан таъсис шуда, бо ҳар як кишвари узви созмон созишномаҳои дахлдори дуҷониба мавҷуд аст. Дар ин бора вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу дар шабакаи телевизионии "Россия-1" изҳор дошт.

Ба гуфтаи Шойгу, дар амал шабакаи ягонаи мудофиаи ҳавоӣ дар сатҳи дуҷониба таъсис дода шуда, Русия ба ҳар як кишвари СПАД созишномаи дуҷониба дорад.

Вай афзуд, чунин созишномаҳо бо Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус ба имзо расидааст.

Вазири дифоъи Русия таъкид кард, ки нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ таҷҳиз шуда, дар ин замина размоиш ё худ машқҳои низомӣ баргузор мешавад ва ин шабака дар ҳолати омодабош қарор дорад.

Шойгу дар идома зикр кард, ки шабакаи ягонаи мудофиаи ҳавоӣ дар доираи кишварҳои ҳамсуд мавҷуд аст ва чорчӯби СПАД амалан фаъол аст.

Бояд гуфт, ахиран Владимир Путин, кишвардори Русия гуфт, ки кишвараш дар Тоҷикистон ду маҷмуаи дифоъи зиддиҳавоии С-300 дорои ҳашт таҷҳизоти партоби мушакро ҷойгир кардааст.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, як иттиҳодияи сиёсӣ-низомӣ буда, ба он бархе кишварҳои пасошӯравӣ – Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дохил ҳастанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед