Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе 20% афзуд
Нашр шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки аз оғози моҳи сентябр бо назардошти афзоиши талабот шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти кишвар зиёд карда шуд.
Ин ниҳод бо такя ба иттилои маркази матбуоти «Душанбенақлиётхадамотрасон» гуфт, дар Душанбе аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ 20% зиёд карда шуд.
Зикр шуд, ки ин тасмим барои он гирифта шуд, ки бинобар оғози соли нави таҳсил теъдоди мусофирон ба таври назаррас зиёд шудааст.
Дар ин замина таъкид мешавад, ки то 1 сентябр дар роҳҳои шаҳри Душанбе 305 автобус хизматрасонӣ мекард, ки ҳамакнун шумори онҳо ба 375 адад расонида шуд.
Инчунин мутаносибан шумораи троллейбусҳо дар пойтахти Тоҷикистон аз 55 адад то 75 адад зиёд гардид.
Дар баробари ин шумораи микроавтобусҳо дар Душанбе бошад, 100 адад зиёд карда шуда, ба 1050 адад расонида шуд. Шумори таксиҳо дар пойтахти Тоҷикистон аз 3200 адад то 3350 адад афзоиш дода мешавад.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон зикр мекунад, ки ин шумори нақлиёти ҷамъиятӣ барои қонеъ намудани талаботи сокинони шаҳри Душанбе кофӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, дар корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» мегӯяд, ки агар ин тадбирҳо барои хизматрасонии муосир ба сокинони шаҳри Душанбе кофӣ набошад, барои боз ҳам зиёд кардани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед