Ru  | Tj
Шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон аз оғози моҳи июли соли ҷорӣ нафақаи беш аз 775 ҳазор афроди бознишаста боло бурда шуд.

Аз ҷумла, андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ, нафақаи кории 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ ва нафақаҳои иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ афзоиш ёфт.

Дар ин хусус рӯзи 31 июл зимни нишасти матбуотӣ Дилмурод Давлатзода, раҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Давлатзода, тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон, нафақаҳои  суғуртавӣ, корӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад зиёд карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки афзоиши андозаи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, аз оғози моҳи июли имсол нафақаи нафақагирон бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мешавад.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки то 1 июли имсол дар ҷумҳурӣ 815 ҳазору 658 нафар нафақагир зиндагӣ мекунанд.  Ин рақам нисбати аввали соли гузашта 13 ҳазору 516 нафар ё 1,8 дарсад шудааст.

Дар баробари ин зикр шуд, аз ин миён беш аз 164 ҳазор нафақагир маъюб ҳастанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед