Ru  | Tj
Си Ҷинпин бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти маҷозӣ баргузор мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Си Ҷинпин бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти маҷозӣ баргузор мекунад
Акс: ТАСС

Си Ҷинпин бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти маҷозӣ баргузор мекунад

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфтааст, ки Си Ҷинпин бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти маҷозӣ баргузор менамояд.

Ба иттилои шабакаи телевизионии “CGTN”, имрӯз мулоқоти онайнии Си Ҷинпин бо роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатии Пекин бо ин кишварҳо баргузор мешавад.

Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чуйнин ба CGTN гуфтааст, ки дар ин гуфтугӯ сарони кишварҳо масоили марбут ба равобити мутақобила бо Пекинро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Манбаъ гуфтааст, ки давоми сӣ соли гузашта муомилоти мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз марзи 14 миллиард доллар гузаштаву ҳудуди 100 баробар зиёд шудааст.

Бояд гуфт, ки қаблан Ван Вэнбин, як намояндаи дигари Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфта буд, ки барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин бисёре аз сарони кишварҳо даъват шудаанд, ки миёни онҳо номҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин низ ҳаст.

Чин яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон аст ва дар кишвар тарҳҳои гуногун дар бахшҳои мухталифро амалӣ менамояд.


Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин ва пайвандони қурбониёни обхезиҳо дар Чин изҳори ҳамдардӣ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед