Ru  | Tj
Си Ҷинпин: Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 500 миллион доллар хайр мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Си Ҷинпин: Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 500 миллион доллар хайр мекунад
Акс: Интернет

Си Ҷинпин: Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 500 миллион доллар хайр мекунад

Нашр шуд

Ин давлат, инчунин қасд намудааст, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ  50 миллион вояи ваксина зидди коронавирус ихтисос диҳад.

Тавре "Podrobno.uz" хабар медиҳад, раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар саммити маҷозии "Кишварҳои Осиёи Марказӣ-Чин" таъкид доштааст, ки ба ҷуз аз маблағи бебозгашт ва вояи ваксина ба давлатҳои ОМ, инчунин 1200 стипендия барои таҳсили донишҷӯён ва 5000 квота ба иллати такмил додани ихтисоси мутахассисон ҷудо мекунад.

Гуфта мешавад, ки 500 миллион доллар дар тӯли се соли оянда барои иҷрои тарҳҳои муҳимми иҷтимоӣ равона мегарданд. Ба такмили ихтисос мутахассисони бахшҳои ҳифзи саломатӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми деҳот, робитаи мутақобила ва технологияҳои иттилоотӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин, дар ҳошияи нишаст роҳбарони давлатҳои ОМ ва Чин пайгирии як қатор чорабиниҳо, аз қабили Фестивали ҳунарҳои ҷавонон, Лагери пешвоёни ҷавон таҳти унвони "Пули оянда"-ро ба нақша гирифтаанд.

Хотиррасон мешавем, ки саммити "Кишварҳои Осиёи Марказӣ-Чин" бори нахуст баргузор гардида, он ба 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шудааст.

Дар соли 2022 раёсати саммитро кишвардори Чин, Си Ҷинпин ба ӯҳда дорад.


Си Ҷинпин бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти маҷозӣ баргузор мекунад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед