Ru  | Tj
Си Ҷинпин: Мардумони Чину Тоҷикистон бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Си Ҷинпин: Мардумони Чину Тоҷикистон бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд
Акс: ASIA-Plus

Си Ҷинпин: Мардумони Чину Тоҷикистон бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд

Нашр шуд

Си Ҷинпин гуфт, ки мардумони Тоҷикистону Чин пас аз паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 якдилона ба ҳамдигар кӯмак карда, ҳама мушкилиҳоро паси сар менамоянд ва бародарии воқеиро ба намоиш мегузоранд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дирӯз миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии равобити дипломатии Душанбеву Пекин табодули паёмҳои табрикӣ сурат гирифт.

Президентҳои Тоҷикистону Чин дар ин паёмҳо аз сатҳи муносиботи ду кишвар дар давоми сӣ соли гузашта изҳори қаноатмандӣ намуда, алоқамандии хешро ба рушди ҳарчӣ бештари ҳамкориҳо иброз доштаанд.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш аз ҷумла таъкид доштааст, ки ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин бо мазмуну муҳтавои нав изҳори омодагӣ мекунад.

Си Ҷинпин гуфтааст, дар 30 соли гузашта муносибатҳои Чину Тоҷикистон ба сатҳи баландтарини худ дар тӯли таърих расидаанд ва миёни ду кишвар пайваста эътимоди стратегӣ густариш ёфта, ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун босуръат рушд меёбад.

Раҳбари Чин афзудааст, ки бояд дастовардҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Душанбеву Пекинро дарёфт намоянд ва ҷомеаи бештар наздики тақдири ягонаи Чину Тоҷикистонро ба манфиати мардумони ду кишвар бунёд кунанд.

Чин яке аз се шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Ин кишвар аз соли 2013 бо Тоҷикистон шарики стратегӣ эълом шуда, ҳамкории Душанбеву Пекин ҳамасола ба таври чашмрас рушд меёбанд.

Аз ҷумла, ду моҳ қабл Чин дар ҳаҷми ҳаштсад миллион юани чинӣ ба Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт барои бозсозии қитъаҳои қисман калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасида пешниҳод карда буд.

Ҳамчунин соли гузашта Чин ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмакҳои башардӯстона дар аввал 300 ҳазор ва бори дигар 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ирсол намуда буд.


Намоиши мӯд ва ҳунарҳои мардумӣ дар ярмаркаи «Hello Anor»


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед