Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин бо Лю Бин дидор ва масъалаи густариши ҳамкориҳоро бо Чин баррасӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин бо Лю Бин дидор ва масъалаи густариши ҳамкориҳоро бо Чин баррасӣ намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин бо Лю Бин дидор ва масъалаи густариши ҳамкориҳоро бо Чин баррасӣ намуд

Нашр шуд

Душанбе ва Пекин ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд.

Дар дидори Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин масъалаи густариши ҳамкориҳои давлатҳо дар соҳаҳои амният, иқтисод ва иҷтимоиёт ба миён гузошта шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соманаи расмии худ иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде қабл дар сӯҳбат бо Вэй Фэнх, Вазири мудофиаи Чин ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амниятро самти муҳимми муносибатҳои Душанбеву Пекин унвон карда буд.

Ҳамчунин, 9-уми август муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин оид ба масъалаи Афғонистон Юе Сяоюн масоили марбут ба ҳамкории ду кишварро дар бахши амният ба миён гузошт.

Дидори Сафир бо Дабири кулл ва баррасии равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед