Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон мулоқот кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон мулоқот кард
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон мулоқот кард

Нашр шуд

Рӯзи 7-уми апрели соли 2022 Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Сироҷиддин Муҳриддин Томас Никлассонро бо мақсади баррасии масъалаи густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ба ҳузур пазируфтааст.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни масъалаи робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мубодилаи афкор анҷом додаанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба Афғонистон, мубориза алайҳи терроризми байналмиллалӣ, ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудаанд.

Қобили қайд аст, ки моҳи октябри соли 2021 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо бо ноиби президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл мулоқот намуда буд.

Дар ин мулоқот Ҷозеп Боррелл ҳавасмандияшро барои густариши ҳамкорӣ баён дошта буд.


Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти ҷамъбастии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ дар соли 2020 иштирок намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед