Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон дидор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон дидор намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон дидор намуд

Нашр шуд

8 –уми июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора сомонаи расмии вазорати мазкур хабар додааст.

Манбаъ мегӯяд, дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷиии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Лю Бин инчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созомонҳои байналмилалӣ ва минатқавӣ табодули афкор намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 13-14-уми июли 2021 дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

Дидори Сафир бо Дабири кулл ва баррасии равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед