Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии СҲШ бо Президенти Федератсияи Россия суханронӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии СҲШ бо Президенти Федератсияи Россия суханронӣ кард

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии СҲШ бо Президенти Федератсияи Россия суханронӣ кард

Нашр шуд

9 сентябр дар Москва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчун раиси ояндаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (ШВКХ СҲШ) зимни мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суханронӣ кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ С. Муҳриддин зикр намуд, ки сарфи назар аз пандемияи сирояти коронавируси нав, раёсати Россия дар СҲШ ҳамкории муассирро дар доираи Созмон соли равон таъмин намуд ва ин имкон дод, ки дар татбиқи вазифаҳои аз тарафи роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ соли 2019 дар Бишкек гузошташуда натиҷаҳои хуб ба даст оварда шаванд.

С. Муҳриддин иттилоъ дод, ки ҳамчун вазифаҳои афзалиятноки раёсати Тоҷикистон дар соли 2021, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд, масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеъгирии байналмилалии СҲШ, инчунин такомули заминаҳои қарордодӣ-ҳуқуқӣ гузошта хоҳанд шуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки шарҳи ҳадафҳо ва вазифаҳои раёсати Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ муаррифӣ хоҳанд кард.

Манбаъ: https://khovar.tj/2020/09/siro-iddin-mu-riddin-dar-mulo-oti-vazironi-kor-oi-hori-ii-s-sh-bo-preziden...

khovar.tj

Муаллиф

khovar.tj

Мы используем файлы cookie на нашем сайте для улучшения его работы. Нажимая кнопку "Принять", вы соглашаетесь с этим. Подробнее о файлах cookie