Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони қолаби "С5+1" масъалаи Афғонистонро ба баррасӣ кашид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони қолаби "С5+1" масъалаи Афғонистонро ба баррасӣ кашид
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони қолаби "С5+1" масъалаи Афғонистонро ба баррасӣ кашид

Нашр шуд

Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори қолаби "С5+1" бо ташаббуси ҷониби амрикоӣ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид.

Ба иттилои дафтари Матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҳошияи Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ рӯзи 22-уми сентябр вохӯрии вазирони қолаби "С5+1" сурат гирифт.

Дар чаҳорчӯби нишаст вазирон дар атрофи масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби рӯз, ба мисоли вазъи номусоиди мавҷуда дар Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизми ҷаҳон ва минтақа, чолишҳои амниятӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар натиҷаи вохӯрӣ вазирон ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати бартараф намудани хатарҳо ҳамкориҳо ва иқдомҳои ҳамоҳангшудаи муштарак байни кишварҳои минтақа тақвият дода шаванд.

Хотиррасон менамоем, ки рӯзи 21-уми сентябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо даъвати Конслери Ҷумҳурии Австрия Себастиан Куртс дар Муколамаи сатҳи баланд бахшида ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, бахусус занон ва духтарон дар Афғонистон ва минтақа ширкат варзид.




Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк шиканҷаи мардуми Панҷшерро аз сӯи "Толибон"* ба ҷаҳониён расонид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед