Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон хостори ташкили ҳукумати воқеии фарогир аст”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон хостори ташкили ҳукумати воқеии фарогир аст”
Акс: ASIA-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон хостори ташкили ҳукумати воқеии фарогир аст”

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, мавзеъгирии Тоҷикистон оид ба Толибон* тағйир наёфтааст. Вай изҳори умедворӣ кард, ки Толибон амалан омодагии худро барои музокира бо раҳбарони тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ва этникӣ нишон хоҳанд дод.

Вай дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе, 2 -уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон изҳори назар кард ва гуфт, “ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон хостори ташкили ҳукумати воқеии фарогир аст”.

Дар робита ба таъмини амният дар марзи кишвар бо Афғонистон гуфт, Тоҷикистон барои таҳкими марзҳои ҷанубии худ, аз ҷумла дар машварат ва ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, ки аз он ном набурд, "тадбирҳои зарурӣ" меандешад.

Қаблан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти маҷозии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) пешниҳод карда буд, ки “камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон бунёд шавад”. Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, Сарвари давлати Русия, дар як конфронси видеоӣ бо ишора ба нооромиҳои ахири Қазоқистон гуфт, "Русия ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, ки дар минтақа инқилоб шавад."

Тоҷикистон ба марзи худ бо Афғонистон чандин сарбози изофӣ фиристодааст.

Нерӯҳои мусаллаҳи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар моҳи октябр нахустин бор дар наздикии марзи Афғонистон як тамрини бузурги низомӣ баргузор карданд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ  мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Роҳбари ҳазораҳои Афғонистон: “Мо дар вазъияти хозира тарафдори ҷанг нестем”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед