Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин ва Маҳмуд Қурайшӣ масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро ба баррасӣ кашиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин ва Маҳмуд Қурайшӣ масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро ба баррасӣ кашиданд
Акс: Trend.Az

Сироҷиддин Муҳриддин ва Маҳмуд Қурайшӣ масъалаи ҳамкориҳои ду кишварро ба баррасӣ кашиданд

Нашр шуд

Музокироти телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон рӯзи 31-уми январи соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни сӯҳбати телефонӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои покистонии ӯ Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ масъалаи густариши ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, илм, техника, фарҳанг ва робитаҳои байнипарлумониро ба баррасӣ кашидаанд.

Ҳамчунин, миёни ҷонибҳо перомуни Иҷлосияи 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки санаи 22-23-уми марти 2022 дар Исломобод баргузор мегардад, мубодилаи афкор ба миён омадааст.

Ҳамзамон, дар ҷараёни сӯҳбат вазирон атрофи нақшаю чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Покистон, ки 6-уми июни соли 2022 таҷлил мегардад, табодули назар намудаанд.

Хотиррасон менамоем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон 6-уми июни соли 1992 оғоз шуда буд.

2-юми июни соли 2021 зимни ташрифи раисҷумҳури Тоҷикистон ба Покистон миёни ду кишвар 12 санади ҳамкорӣ ба имзо расида буд.


Музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи сарҳад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед