Ru  | Tj
Сисоев: Нисфи зуҳуроти терроризм дар ИДМ аз "Вилояти Хуросон"* бармеояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сисоев: Нисфи зуҳуроти терроризм дар ИДМ аз "Вилояти Хуросон"* бармеояд
Акс: аз манбаъҳои боз

Сисоев: Нисфи зуҳуроти терроризм дар ИДМ аз "Вилояти Хуросон"* бармеояд

Нашр шуд

Аъзои ин гурӯҳ барои ифротгароии ҷомеа фаъолона ба миёни мардум ворид мешаванд, гуфт раиси Маркази зиддитеррористии ИДМ.

Нисфи ҳодисаҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ аз гурӯҳи "Вилояти Хуросон"*, ки як шохаи ДИИШ* дар Афғонистон аст, сарчашма мегирад.

Дар ин бора Евгений Сисоев, раиси Маркази зиддитеррористии ИДМ дар конфронси муштараки ИДМ ва СҲШ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки дар Тошканд ифтитоҳ ёфт, изҳор дошт. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

«Таҳлил нишон медиҳад, ки нисфи ҳодисаҳои террористие, ки соли гузашта дар кишварҳои муштаракулманофеъ рух додаанд, ба таъсири он [Вилояти Хуросон*] рабт дорад», - таъкид кард Сисоев.

Дар байни гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон, ки ба кишварҳои муштаракулманофеъ таҳдид мекунанд, “нақши пешбаранда то ҳол ба Давлати исломӣ - Вилояти Хуросон"* тааллуқ дорад, ки ба он афроди зиёде аз кишварҳои пасошӯравӣ шомил ҳастанд”, - гуфт Евгений Сисоев.

Вай зикр кард, ки тибқи арзёбиҳои СММ, ин гурӯҳ тайи шаш моҳи ахир имконоти молӣ ва логистикии худро таҳким бахшида, фаъолиятҳои ҷалби афроди худро фаъол кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, аъзои ин гурӯҳ бо ҳадафи ифротӣ кардани ҷомеа, барангехтани кинаву адоват нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ, хусумати байнинажодиву миллатгароӣ ва мазҳабӣ миёни мардум фаъолона тарғиб мекунанд.

Тибқи маълумоти СММ, дар Афғонистон ҳудуди 20 созмони террористӣ, ки шумораи умумии аъзои онҳо беш аз 23 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ҳузур доранд.


  *-созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед