Ru  | Tj
Сиюмин Рӯзи мотами миллӣ дар Русия. Посдошти қурбониёни ҳамлаи "Крокус Ситӣ Ҳолл"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сиюмин Рӯзи мотами миллӣ дар Русия. Посдошти қурбониёни ҳамлаи "Крокус Ситӣ Ҳолл"
Акс: аз манбаъҳои боз

Сиюмин Рӯзи мотами миллӣ дар Русия. Посдошти қурбониёни ҳамлаи "Крокус Ситӣ Ҳолл"

Нашр шуд


Имрӯз дар Русия ба хотири қурбониёни ҳамлаи ҳаросафкан дар "Крокус Ситӣ Ҳолл" Рӯзи мотами миллӣ аст

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз тасмими эълони мотам дар ин кишвар дар як паёми вижа хабар дод. Путин ҳодисаи дар вилояти Маскав рухдодаро як ҳамлаи хунини ваҳшиёнаи ҳаросафкан номид ва ваъда дод, ки омилон, созмондиҳандагон ва супоришгарони онро ногузир муҷозот интизор аст.

Бояд гуфт, ки дар Русия танҳо раисҷумҳур ҳақ дорад, Рӯзи мотами миллӣ эълон кунад. Дар ин рӯз парчамҳо поин мешаванд, маҳфилҳои фароғатӣ лағв шуда ва шабакаҳои телевизионӣ аз пахши таблиғот худдорӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1993 то фоҷиаи Крокус Ситӣ дар Русия 29 маротиба мотами миллӣ эълон шудааст. Аз ҷумла баъди ҳамлаи ҳаросафкан дар маркази театрии Дубровка дар соли 2002, гаравгонгирӣ дар мактаби Беслан дар соли 2004 ва сӯхтор дар маркази фароғатии "Аспи ланг" дар Перм соли 2009 чунин иттифоқ уфтода буд.

Рӯзҳои мотам дар Русия на танҳо дар робита ба ҳамлаҳои ҳаросафкан, балки баъд аз балоҳои табиъӣ, суқути ҳавопаймоҳо, садамаҳои бузург бо теъдоди зиёди қурбониён ва ҳамчунин баъди марги раисҷумҳури нахустини ин кишвар Борис Елтсин дар соли 2007 эълон шуда буд.

Бори охир дар Русия рӯзи мотам дар таърихи 28-уми марти соли 2018 баъди сӯхтор дар маркази тиҷоратии Кемерово "Зимняя вишня" эълон шуда буд, ки яке аз фоҷеъабортарин сӯхтор дар сад соли ахир дар ин кишвар гардид. Дар пайи ин оташсӯзӣ дар Кемерово 60 нафар, аз ҷумла 37 кӯдак кушта шуда буд.

Гуфтанист, 24-уми март дар таърихи муосири Русия сиюмин рӯзи мотами миллӣ маҳсуб мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, дар пайи ҳамлаи ҳаросафкан дар толори консертии "Крокус Ситӣ Ҳолл" дар Красногорск, ки шоми 22-юми март рух дод, тибқи маълумоти охирин 133 нафар кушта шуд. Эҳтимол меравад, шумори қурбониён бо покиза кардани харобаҳо афзоиш ёбад. Ҳамчунин беш аз сад нафари дигар маҷруҳ шуда, дар бемористон таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед