Ru  | Tj
СММ: Ҳар шаҳрванди дуюми Афғонистон ба фақр гирифтор аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СММ:  Ҳар шаҳрванди дуюми Афғонистон ба фақр гирифтор аст

СММ: Ҳар шаҳрванди дуюми Афғонистон ба фақр гирифтор аст

Нашр шуд

Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид хостори кумаки фаврии бештар ба мардуми Афғонистон шуд.

Ин созмон 5 сентябр бо нашри як матлаб дар X гуфт, ки 80 дарсади хонаводаҳо дар Афғонистон барои ҳар як узви хонавода дар як рӯз бо камтар аз як доллар зиндагӣ мекунанд.

Ин ниҳод афзуд, ки то охири соли 2024 ҳамагӣ чаҳор моҳ боқӣ мондаааст, аммо барномаи вокуниши башардӯстона барои Афғонистон дар соли ҷорӣ ҳамагӣ 25 дарсади маблағгузории заруриро дарёфт кардааст.

Ин созмон афзуд, барои наҷоти ҷони инсонҳо дар Афғонистон кумаки фаврии бештар лозим аст.

Дафтари ҳамоҳангсози умри башардӯстонаи СММ барои кумак ба мардуми ниёзманди Афғонистон дар соли ҷорӣ 3,06 миллиард доллар маблағ дархост карда буд.


Ин созмон гуфт, ки дар соли 2024 23,7 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд, аммо созмонҳои имдодӣ ба фарогирии 17 миллион нафар авлавият додаанд.


Бояд гуфт, ки ниҳодҳои имдодрасон қаблан аз камбуди маблағ шикоят карда ва аз паёмадҳои он барои қишри мардуми осебпазир дар Афғонистон ҳушдор дода буданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед