Ru  | Tj
СММ: Дар се моҳ дар Афғонистон беш аз 2 ҳазор ҳаводиси амниятӣ рух додааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СММ: Дар се моҳ дар Афғонистон беш аз 2 ҳазор ҳаводиси амниятӣ рух додааст
Акс: etilaatroz.com

СММ: Дар се моҳ дар Афғонистон беш аз 2 ҳазор ҳаводиси амниятӣ рух додааст

Нашр шуд

Созмони Милали Муттаҳид аз сабти 2127 ҳодисаи амниятӣ дар Афғонистон дар камтар аз се моҳ хабар дод.

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ дар гузориши нави худ дар бораи авзоъ дар Афғонистон гуфт, ки аз 14 май то 31 июли соли ҷорӣ СММ дар Афғонистон 2127 ҳодисаи марбут ба амниятро сабт кардааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 53% афзоишро нишон медиҳад. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com иттилоъ медиҳад.

Бар асоси ин гузориш, даргириҳои мусаллаҳона дар Афғонистон аз 37 мавриди ҳамзамон дар соли 2023 ба 80 маврид ва инфиҷори бомбаҳои худсохт низ аз 7 маврид ба 13 маврид афзоиш ёфтааст.

Антонио Гутерриш дар ин гузориш гуфт, Созмони Милали Муттаҳид аз 14 май то 31 июл 73 ҳамлаи "Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" ва "Ҷабҳаи озодии Афғонистон" алайҳи Толибон*-ро таъйид кардааст.

Бар асоси гузориши ҷадиди дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҳамалоти террористони ДИИШ* дар Афғонистон идома дорад ва дар давраи ин гузориш ин гурӯҳ дар Афғонистон чаҳор ҳамла анҷом додааст.

Дабири кулли СММ дар гузориши нави худ гуфтааст, ки инчунин дар Афғонистон таркиши муҳимоти боқимондаҳои ҷанг бо марги ғайринизомиён, бахусус кӯдакон, идома дорад. Вай афзуд, ки аз 14 май то 31 июл бар асари таркиши муҳимоти боқимондаи ҷанг дастикам 39 ғайринизомӣ кушта ва 63 тани дигар захмӣ шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед