Ru  | Tj
СММ кӯмаки башардӯстонаашро ба Афғонистон тариқи Ӯзбекистон мерасонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СММ кӯмаки башардӯстонаашро ба Афғонистон тариқи Ӯзбекистон мерасонад
Акс: Интернет

СММ кӯмаки башардӯстонаашро ба Афғонистон тариқи Ӯзбекистон мерасонад

Нашр шуд

Раёсати умури паноҳандагони СММ ба воситаи се ҳавопаймо ба Афғонистон кӯмаки башардӯстона мефиристад.

Ба иттилои "ТАСС", дар Афғонистон 20 миллион нафар ба хӯрока ниёз дошта, бӯҳрони башардӯстона дар ин кишвар рӯз то рӯз мураккабтар мегардад.

Манбаъ дар такя ба маълумоти Раёсати умури паноҳандагони СММ менависад, ки рӯзҳои наздик кӯмаки башардӯстона тариқи се ҳавопаймо нахуст ба шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон фиристода шуда, баъдан он ба воситаи гузаргоҳи сарҳадии "Хайратон" (ба воситаи автомобилҳо) ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон интиқол дода мешавад.

Намояндаи Раёсати умури паноҳандагони СММ дар Кобул - Бабар Балох изҳор доштааст, ки раёсат ба корҳои ташкили марказҳои ҳамлу нақл (логистикӣ) дар кишварҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон машғул аст, то ки ба садҳо ҳазор нафар кӯчбастаҳои дохилии ин кишвар кӯмаки фаврӣ расонад.

"Дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 5% оилаи афғон бо ғизои зарурӣ таъмин буда, аз нисф зиёди кӯдакони то синни 5 сола гуруснагӣ мекашанд ва вазъи саломатии онҳо хеле бад аст",- шарҳ дод Бабар Балох.

Як моҳ қабл СММ барои амалиёти башардӯстона дар Афғонистон 606 миллион доллар дархост намуда буд, вале то ҳол ҳамагӣ 35% аз ин маблағ дастрас шудааст.




Канада эълом дошт, ки 40 ҳазор гурезаи Афғонистонро қабул мекунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед