Ru  | Tj
СММ хостааст, ба Афғонистон дар ҳаҷми 5 миллиард доллар кӯмак карда шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СММ хостааст, ба Афғонистон дар ҳаҷми 5 миллиард доллар кӯмак карда шавад
Акс: Интернет

СММ хостааст, ба Афғонистон дар ҳаҷми 5 миллиард доллар кӯмак карда шавад

Нашр шуд

Шаҳрвандони Афғонистон, ки дар дохил ва хориҷи кишвар қарор доранд, маҷбуранд дар шароити вазнин ба сар баранд.

Тавре Маркази матбуоти Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) хабар медиҳад, бе дастгирии байналмиллалӣ тоб овардани афғонҳо ба гуруснагӣ ва фасли сармо душвор хоҳад буд.

Манбаъ таъкид дорад, рӯзи сешанбе СММ ва шарикони ин созмон тарҳи кӯмак ба 28 миллион нафар афғонро (22 миллион дар дохили Афғонистон ва 5,7 миллион нафар гуреза, ки дар панҷ кишвари минтақа паноҳ бурдаанд) муаррифӣ кардаанд.

Муайян гардидааст, ки эҳтиёҷоти мардуми афғон дар соли 2022 маблағи рекордии 4,44 миллиард долларро талаб мекунад.

Ба шарҳи СММ, вазъияти имрӯзаи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон мураккаб буда, иқтисодиёти ин кишвар "дар ҳолати таназзули озод" қарор дорад, гуруснагӣ ба 23 миллион нафар афғон таҳдид мекунад, беморхонаҳо аз кӯдакони лоғар пур шудаанд, муаллимон бе музди меҳнат кор мекунанд, миллионҳо кӯдак аз имконияти таълим гирифтан маҳрум шудаанд.

Ба ҳушдори СММ то нимаи сол Афғонистон метавонад ба як кишвари фақри умумӣ табдил ёбад – 97 дарсади аҳолӣ дар қашшоқӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар давоми як сол Афғонистон метавонад 30-%  ММД-ро аз даст диҳад ва бекорӣ дар байни мардон ду маротиба – то 29 дарсад афзоиш ёбад.

Гуфта мешавад, ки маблағҳои дархостшуда барои интиқоли  маводи озуқа ва  ниёзи аввали мардум, дастгирии кишоварзӣ, хадамоти тандурустӣ ва маориф, рафъи оқибатҳои камғизоӣ, таъмини бесарпаноҳон бо макони паноҳ, дастрасӣ ба об ва воситаҳои беҳдошт равона хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли гузашта ширкаткунандагони конфронси байналмилалии оид ба Афғонистон, ки дар Женева баргузор гардида буд, ваъда дода буданд, ки ба сифати кӯмаки башардӯстона ба мардуми афғон беш аз 1,1 миллиард доллар ҷудо хоҳанд кард.


Толибон ба Муҳаммад Исмоилхон пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед