Ru  | Tj
СММ: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳатто кишварҳои ҳамсоя ба Толибон бовар надоранд”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СММ: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳатто кишварҳои ҳамсоя ба Толибон бовар надоранд”
Акс: Sputnik

СММ: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳатто кишварҳои ҳамсоя ба Толибон бовар надоранд”

Нашр шуд

Дебора Лайнс, фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон, дар нишасти Шӯрои Амният дар бораи Афғонистон гуфта, ки нобоварӣ миёни Толибон* ва бисёре аз ҷомеаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ идома дорад.

Дебора Лайнс рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ ин масъаларо матраҳ кардааст.

Хонум Лионс мегӯяд, нобоварии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Толибон ва нобоварии Толибон ба кишварҳои минтақа набояд монеи ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони башарӣ дар ин кишвар шавад.

Намояндаи вижаи СММ гуфтааст, ки Толибон аз намояндагии СММ шикоят доранд, ки гузоришҳоро ба таври воқеӣ инъикос намекунанд.

Дебора Лайнс иддао дорад, ки Толибон шахсан ба онҳо гуфтаанд, ки Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои онҳоро нодида гирифта, мушкилоти чандон ҷиддӣ набударо муболиға мекунад.

Вале хонум Лайнс мегӯяд, Толибон дар ҳокимияти шашмоҳаи худ натавонистааст, ки эътимоди ҷаҳониён, ҳамсояҳо ва мардуми худро ҷалб кунад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Даъвати Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ: Барои ҳалли мушкили Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир бояд чораҳои зарурӣ андешид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед