Ru  | Tj
СММ: Тақрибан 60 дарсади овораҳои афғон дар се моҳи охир кӯдакон буданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СММ: Тақрибан 60 дарсади овораҳои афғон дар се моҳи охир кӯдакон буданд
Акс: Интернет

СММ: Тақрибан 60 дарсади овораҳои афғон дар се моҳи охир кӯдакон буданд

Нашр шуд

Аз моҳи май то имрӯз беш аз чорсад ҳазор муҳоҷири маҷрӯҳшудаи Афғонистон дар дафтари ҳамоҳангсозии корҳои башардӯстонаи Созмони Милал сабти ном шудаанд, ки 60 дарсади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Ин иттилои Идораи ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид (OCHA), дар ҳолест, ки Бунёди Кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ ду ҳафта қабл гуфта буд, ки давоми 72 соат ҳудуди 30 кӯдак дар задухӯрдҳои хунини ҷангиёни Толибон* (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар) ва нерӯҳои муқовимати Афғонистон кушта шуданд.

Гуфта мешавад, дар пайи нооромиҳои ахири Афғонистон беш аз ним миллион шаҳрванди ин кишвар овора шудаанд.

Рӯзи гузашта Президенти Тоҷикистон дар суҳбат бо Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии худ бо нигаронӣ таъкид кард, ки Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.

Ахбори чанд рӯзи охири матбуоти ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки Толибон* баъди ғасби Ҳукумат аз ваъдаҳои қаблии худ бобати ташкили ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар нерӯҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд.




Ҳавопаймои низомии Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон ба Ватан овард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед