Ru  | Tj
СММ: Теъдоди оворагони иҷборӣ дар ҷаҳон аз 120 млн нафар гузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СММ: Теъдоди оворагони иҷборӣ дар ҷаҳон аз 120 млн нафар гузашт
Акс: аз манбаъҳои боз

СММ: Теъдоди оворагони иҷборӣ дар ҷаҳон аз 120 млн нафар гузашт

Нашр шуд

Раёсати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, оворагони иҷборӣ дар ҷаҳон дар чаҳор моҳи аввали соли 2024 афзоиш ёфта, дар авохири моҳи апрел аз 120 миллион нафар гузашт.

Ин ниҳод, рӯзи 13 июн бо нашри гузорише гуфт, ки дар поёни соли 2023 шумори паноҳҷӯёни иҷборӣ дар ҷаҳон 117,3 миллион нафар буд.

Раёсати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон таъкид мекуанд, ки шумори паноҳандагони иҷборӣ дар ҷаҳон дар тӯли 12 соли охир пайиҳам афзоиш меёбад.

Ин ниҳод ҷанг, хушунат, таъқиб, нақзи ҳуқуқи башар ва ҳодисаҳоеро, ки назми умумиро шадидан халалдор мекунанд, омилҳои овора шудани мардум дар ҷаҳон арзёбӣ кардааст.

Филиппо Грандӣ, комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфт, дар паси ин шумори зиёд ва афзояндаи оворагон “фоҷеаҳои бешумори башарӣ” ниҳон аст.

"Ин ранҷ бояд ҷомеаи байналмилалиро водор кунад, ки барои рафъи омилҳои аслии оворагони иҷборӣ иқдомоти фаврӣ анҷом диҳад", - афзуд вай.

Бар асоси гузориши Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, ҷанг дар Ғазза, Укроин, Судон ва Мянмар боиси афзоиши оворагони иҷборӣ шудааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки дар соли 2023 беш аз 1 миллиону 700 ҳазор нафар, ки 75 дарсади аҳолии навори Ғаззаро ташкил медиҳанд, бар асари ҷанг беҷо шуда, иддае аз онҳо борҳо маҷбур ба фирор шудаанд.

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон гуфт, ки ҷанг дар Судон яке аз бузургтарин буҳрони башариро ба вуҷуд оварда ва дар поёни сол 10,8 миллион нафар ба таври иҷборӣ дар ин кишвар овора шудаанд.

Бар асоси гузориши Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, дар поёни соли 2023 дар маҷмӯъ 10,9 миллион шаҳрванди Афғонистон овора монданд.

Дар ҳамин ҳол, раванди ихроҷи оворагон ва паноҳҷӯёни афғон аз Эрону Покистон идома дорад ва ҳамарӯза ҳазорон нафар аз ин ду кишвар вориди Афғонистон мешаванд. Соли гузашта беш аз ним миллион нафар аз Покистон ва беш аз 520 ҳазор нафар афғонҳо аз Эрон ихроҷ шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед