Ru  | Tj
Соҳибкории иҷтимоъӣ дар чаҳорчӯби қонун танзим мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соҳибкории иҷтимоъӣ дар чаҳорчӯби қонун танзим мешавад
Аксҳо: "Хома"

Соҳибкории иҷтимоъӣ дар чаҳорчӯби қонун танзим мешавад

Нашр шуд

Дар Душанбе зимни як нишаст таҳияи лоиҳаи Қонуни соҳибкории иҷтимоъӣ мавриди баҳс қарор гирифт. Интизор аст лоиҳаи ин қонун то охири соли равон қабул шавад.

Рӯзи 16-уми апрел дар маҳфили иқтисодии “Тавозун” намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, вакилони парлумон ва коршиносону рӯзноманигорон мавзуъи соҳибкории иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон ва лоиҳаи қонуни марбутаро баррасӣ карданд.

Ҷамшед Муртазозода, вакили парлумон ва роҳбари гурӯҳи кории таҳияи Қонуни соҳибкории иҷтимоъӣ гуфт, ки дар робита ба соҳибкории иҷтимоъӣ асноди зерқонунӣ ҳаст, вале барои танзим ва пуштибонии соҳа таҳия ва қабули қонуни алоҳида зарур аст.

   

Ба гуфтаи вай, гурӯҳи корӣ аз моҳи октябри соли гузашта то кунун лоиҳаи Қонуни соҳибкории иҷтимоъиро омода ва барои баррасӣ ба ҷомеаи маданӣ пешниҳод кард.

Вай афзуд, ки эҳтимол лоиҳаи ин қонун то моҳи сентябр-октябри соли равон аз сӯйи парлумон тасвиб шавад.

Дар лоиҳаи қонун 21 қишри осебпазири аҳолӣ ҳастанд, ки метавонанд ба соҳибкории иҷтимоъӣ машғул шаванд.

Гуфта шуд, ки соҳибкории иҷтимоъӣ як роҳҳали мушкилоти иҷтимоъӣ тавассути тиҷорат  аст.

Наргис Зокирова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва узви гурӯҳи корӣ гуфт, ки дар лоиҳаи Қонуни соҳибкории иҷтимоъӣ аз таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова кор гирифта шуд. Вай дар ин замина гуфт: “Гурӯҳи корӣ соли гузашта барои омӯхтани таҷрибаи соҳибкории иҷтимоӣ дар Молдова ба ин кишвар сафар кард. Ин кишвар барои додани мақоми соҳибкори иҷтимоъӣ дар назди Вазорати иқтисоди Молдова Кумисиюни миллӣ таъсис додааст, ки он барои 3 сол дода мешавад. Гурӯҳи корӣ тарҷибаи ин кишварро омӯхта, ба шароити Тоҷикистон мувофиқ кард”.

Гуфта мешавад, ки дар Молдова созмонҳои ҷамъиятие, ки мехоҳанд мақоми соҳибкории иҷтимоъӣ ба даст оранд, бояд ҶДММ сабтином кунанд. Ҳамчунин бояд 90% фоида аз фаъолияти иҷтимоъӣ дубора ба ин бахш сармоягузорӣ карда шавад.

   

Аз сӯйи дигар Собир Вазиров, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи молиёт (андоз) таъкид кард, ки дар баробари имтиёзҳои молиётӣ такя кард, бояд дигар имтиёзҳо, бавижа додани саҳмия (грант)-ҳо, дастрасӣ ба зерсохт, қарзҳо бо баҳраи паст барои соҳибкории иҷтимоъӣ пешниҳод шавад.

Вай афзуд, ки дар айни замон дар Тоҷикистон соҳибкории иҷтимоъӣ аз имтиёзҳои молиётӣ бархӯрд аст ва моҳҳои наздик имтиёзҳои изофӣ дода мешавад.

 

Дар фарҷоми ҳамоиш моддаҳои алоҳидаи лоиҳаи Қонуни соҳибкории иҷтимоъӣ, тарзи андозбандии соҳибкорони иҷтимоъӣ, намунаҳои соҳибкории иҷтимоъӣ дар кишвар, истифодаи тарҷибаҳои дигари кишварҳо ва дар маҷмуъ мушкилоту дастоварди раванди татбиқи соҳибкории иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед