Ru  | Tj
Соҳибкорон миёни Самарқанду Панҷакент роҳи оҳан месозанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соҳибкорон миёни Самарқанду Панҷакент роҳи оҳан месозанд
Акс: ASIA-Plus

Соҳибкорон миёни Самарқанду Панҷакент роҳи оҳан месозанд

Нашр шуд

Соҳибкорони тоҷику ӯзбек ба тавофуқ расидаанд, ки миёни Самарқанд ва Панҷакент роҳи оҳан бисозанд, - гуфт Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Азим Иброҳим дар нишасти хабарии Вазорати нақлиёт бо зикри ин матлаб таъкид дошт, ки роҳи мазкур на танҳо дар густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ, балки дар рушди бахши сайёҳии ду кишвари ҳамсоя низ нақши калидӣ мебозад, зеро ба воситаи он ҳамлу нақли маҳсулот ва мусофиркашонӣ афзоиши чашмрас хоҳад ёфт.

Вазири нақлиёт ҳамчунин афзуд, ки масъалаи бунёди роҳи оҳани Самарқанд - Панҷакент дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар Душанбе ва Тошканд баргузор гардида буданд, баррасӣ шуда, барои амалисозии ин лоиҳа ҳоло гурӯҳи корӣ фаъолият менамояд.

Гуфта мешавад, ки 4 километри ин роҳ дар қаламарави шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон сохта хоҳад шуд.

Дар сафари ахири Мирзиёев ба Душанбе дар моҳи июни соли ҷорӣ миёни ду кишвар 36 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳо тавассути ҳудуди Ӯзбекистон ва Харитаи Роҳ барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2021-2022 ба имзо расида буд.

Дар Тоҷикистон иҷозатномагири барои соҳибкорон осон шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед