Ru  | Tj
Соҳибкорони Бохтар барои таъмири роҳ 23 миллион сомонӣ сарф кардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соҳибкорони Бохтар барои таъмири роҳ 23 миллион сомонӣ сарф кардаанд
Акс: SugdNEWS

Соҳибкорони Бохтар барои таъмири роҳ 23 миллион сомонӣ сарф кардаанд

Нашр шуд

Соҳибкорони Бохтар беш аз 30 километр роҳро таҷдид намудаанд.

Ба иттилои расонаи "Sputnik.tj", дар вилояти Хатлон соҳибкорони минтақаи Бохтар дар муддати 10 моҳи соли ҷорӣ бо масрафи беш аз 20 миллион сомонӣ роҳро ба масофаи 30 километр таъмири асосӣ кардаанд.

Манбаъ меафзояд, сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Бохтар, Маҳмадулло Файзалиев арз доштааст, ки то ин муддат бо кӯмаки соҳибкорон дар 14 шаҳру ноҳияи Бохтар зиёда аз 30 километр роҳ таъмир гардида, таҷдиди беш аз 5 километри роҳ ҳанӯз идома дорад.

Гуфта мешавад, ки бо дастгирии соҳибкорон дар минтақаи мазкур, инчунин 173,3 километр роҳ сангфарш шуда, 26 пул бо дарозии 250 метр таъмир гардидааст.

Ҳамзамон қайд мегардад, ки дар ин давра дар шаҳри Левакант ва ноҳияи Шаҳритус ягон километри роҳ таъмир нагардидааст.

Дар минтақаи Бохтар тақрибан 2 ҳазор километр роҳи маҳаллӣ аст, ки маротибаи охир дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ таъмир шудааст.

Вобаста ба ин, 25-уми майи соли 2021 нашрияи Маҷлиси Олии ҶТ "Садои Мардум" аз масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар даъват ба амал овард, ки мушкилоти хароб будани вазъи роҳҳоро бартараф созанд.


Масъалаи рушди нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ баррасӣ мегардад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед