Ru  | Tj
Содир Ҷабборов Эмомалӣ Раҳмонро ба Бишкек даъват кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Содир Ҷабборов Эмомалӣ Раҳмонро ба Бишкек даъват кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир Ҷабборов Эмомалӣ Раҳмонро ба Бишкек даъват кард

Нашр шуд

Содир Ҷабборов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овардааст, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Қирғизистон ташриф оварад.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дод.

Содир Ҷабборов бо сафари расмии дурӯза 28-29 июн дар Душанбе қарор дошт ва пас аз мулоқоти хоса бо Эмомалӣ Раҳмон ва музокироти сатҳи олии ду кишвар ҷонибҳо натоиҷи онро неку назаррас арзёбӣ карданд.

Манбаъ афзуд, ин даъват бо изҳори сипос қабул гардид ва акнун таърихи сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд.

30 апрели соли равон, пас аз як муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, зимни он ҳамтои қирғизашро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Душанбе даъват карда буд. 

Эмомалӣ Раҳмон натоиҷи мулоқоташ бо Содир Ҷабборовро неку назаррас хонд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед