Ru  | Tj
Содир Ҷабборов: Мо алоқамандем масоили марзиро танҳо аз роҳи музокирот ҳал кунем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Содир Ҷабборов: Мо алоқамандем масоили марзиро танҳо аз роҳи музокирот ҳал кунем
Акс: аз манбаъҳои боз

Содир Ҷабборов: Мо алоқамандем масоили марзиро танҳо аз роҳи музокирот ҳал кунем

Нашр шуд

Содир Ҷабборов эълон кард, ки дар фаъолияти гурӯҳи кории масъалаҳои марзӣ бо Тоҷикистон пешрафтҳои мусбат ба даст омадааст. Дар ҳоли ҳозир Душанбе ва Бишкек дар мавриди беш аз 90 дарсади хати марзи миёни ду кишвар ба мувофиқа расидаанд.

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар муроҷиат ба шаҳрвандони кишвараш гуфт, Бишкек алоқаманд аст, то ки масъалаи марзӣ бо Тоҷикистон танҳо аз тариқи музокирот ҳаллу фасл шавад.

Ин муроҷиати Содир Ҷабборов ба хотири  шаҳрвандони кушташудаи қирғиз дар даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ироа шуд.

Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон хабар дод.

Содир Ҷабборов дар ин паём таъкид кард, ки дар айни замон дар фаъолияти гурӯҳи кории масъалаҳои марзӣ бо Тоҷикистон пешрафтҳои мусбат ба даст омадааст.

"Феълан дар кори кумисиюни давлатии дуҷониба дар ҳалли масъалаҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон як қатор таҳаввулоти мусбат ба сабт расидааст. Ба ин муносибат бори дигар таъкид мекунам, мо манфиатдорем, то ки масъалаҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шаванд", - омадааст дар муроҷиати Ҷабборов.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 28-уми апрели соли 2021 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон даргирии шадиди мусаллаҳона сар зад, ки се рӯз идома дошт. Гуфта мешавад, ки дар пайи ин даргирӣ аз ҷониби Қирғизистон 36 кас кушта шуда, 190 тани дигар захмӣ шуданд. Талафоти ҷониби Тоҷикистон 20 нафар кушта ва 88 тан маҷруҳ эълон шуд.

Дар ҳамин ҳол аз 21 то 27-уми апрел дар шаҳри Бодканд ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи марз миёни ду кишвар баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ки дар умум то кунун Душанбе ва Бишкек тавонистанд дар мавриди беш аз 90 дарсади хати марзи давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расанд. Тӯли хати марзи миёни ду кишвар ҳудуди 980 км аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед