Ru  | Tj
Содироти хуч аз Тоҷикистон 97 тонна афзуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Содироти хуч аз Тоҷикистон 97 тонна афзуд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Содироти хуч аз Тоҷикистон 97 тонна афзуд

Нашр шуд

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 1 ҳазору 288 тонна меваи хуч содир шудааст, ки аз афзоиши таваҷҷуҳ ба ин зироат дар бозорҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Дар соли 2024 Тоҷикистон содироти меваи хучро нисбат ба соли гузашта 97 тонна зиёд кард, итттилоъ дод хабаргузории Авеста бо такя ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Бояд гуфт, ки дарахти хуч дар соҳаи кишоварзӣ ва муҳити зисти Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Дар соли 2023 аз ҷониби Оҷонси хоҷагии ҷангали Тоҷикистон дар майдони 150 гектар боғҳои нави хуч бунёд карда шуд.

Ба гуфтаи мутахассисон аз ҳар гектар хуч аз 4 то 8 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст.

Гуфтанист, дар Тоҷикистон 18 навъи хуч парвариш карда мешавад.

Ин растанӣ натанҳо барои хосиятҳои шифобахши худ қадр карда мешавад, балки метавонад дар заминҳои барои кишоварзӣ номувофиқ парвариш карда шавад, ки онро барои рушди устувори хоҷагии ҷангал муҳим мегардонад.

Таъкид мешавад, ки хуч дар баробари писта ва чормағз яке аз меваҳои сердаромад дар Тоҷикистон буда, ба афзоиши суботи иқтисодии соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед