Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон барои як соли дигар тамдид шуд
Нашр шуд
Ширкати барқи Афғонистон (Брешно), ки таҳти раҳбарии Толибон* аст, мегӯяд, ки қарордоди хариди нерӯи барқ аз Тоҷикистон то соли 2025 тамдид шудааст. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com хабар медиҳад.
Ин қарордод дар Туркия миёни Абдулборӣ Умар, мудири иҷроияи ширкати "Брешно" ва Муҳаммадумар Асозода, мудири Ҷамъияти саҳомии “Барқи тоҷик” ба имзо расид.
Дар хабарномаи ширкати барқрасонии Толибон* дар бораи ҷузъиёт ё тағйироти эҳтимолӣ дар қарордоди содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон чизе зикр нашудааст.
Тибқи иттилои ширкати “Барқи тоҷик” дар соли 2023 Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ 2,6 миллиард кВт/соат нерӯи барқ содир кардааст, ки аз ин миқдор 1,6 миллиард кВт/соат ба Афғонистон интиқол шудааст.
Дар баробари ин ахиран эълон шуд, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон дар умум ба маблағи беш аз 102,4 миллион доллар ба хориҷа барқ фурӯхтааст. Гуфта мешавад, ки 80 дарсади содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон рост меояд.
Бояд гуфт, ки Афғонистон аз нерӯи барқи воридотӣ сахт вобаста аст ва 77 дарсади нерӯи барқи мавриди ниёзи худро аз Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон ворид мекунад.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед