Ru  | Tj
Сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбекистон моҳи октябри имсол оғоз мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбекистон моҳи октябри имсол оғоз мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбекистон моҳи октябри имсол оғоз мешавад

Нашр шуд

Раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи оғози корҳои сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Узбекистонро эълон кард.

 «Моҳи октябри соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон оғоз шавад. Мо ба як кишвари транзитӣ барои ҷаҳон табдил мешавем ва ба бозори ҷаҳонӣ ворид мегардем», - гуфт Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон зимни сафари корӣ ба Ӯш.

Қаблан Ҷасурбек Чориев, муовини вазири нақлиёти Узбекистон гуфта буд, ки арзиши татбиқи лоиҳаи роҳи оҳани «Чин– Қирғизистон – Узбекистон» 5,1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дарозии ин роҳи оҳан ҳудуди 454 километр аст, ки 280 километри он аз қаламрави Қирғизистон мегузарад. Дар тамоми масири ин роҳи оҳан сохтани 18 истгоҳ, 81 пули калону миёна ва 41 нақб пешбинӣ шудааст.

Қарор аст, ки қатораҳо дар ин масир аз Қошғар дар ғарби Чин баромада, аз шаҳри Қарасуи Қирғизистон гузашта, ба шаҳри Андиҷони Узбекистон меоянд.

Гуфтанист, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон масирро аз Чин то Ховари Миёна тақрибан 900 километр кӯтоҳ карда, хароҷоти нақлиётро коҳиш ва мӯҳлати интиқоли молро тақрибан 7-8 рӯз кам мекунад.

Гуфта мешавад, ки ин роҳи оҳан рушди зерсохтори нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказиро таъмин намуда, дастрасии онро ба бандарҳои Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ором фароҳам месозад.

Хотиррасон мекунем, ки қарордоди сеҷонибаи бунёди ин роҳи оҳан соли гузашта дар нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ – Чин” дар шаҳри Сиан миёни Чин, Узбекистон ва Қирғизистон имзо шуда буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед