Ru  | Tj
Сокинони бешаҳрвандии Ӯзбекистон акнун соҳиби шиноснома мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сокинони бешаҳрвандии Ӯзбекистон акнун соҳиби шиноснома мешаванд
Акс: Интернет

Сокинони бешаҳрвандии Ӯзбекистон акнун соҳиби шиноснома мешаванд

Нашр шуд

Сенати Ӯзбекистон ба қонунгузории кишвар як қатор тағйирот ворид намуда, кори шахсони бешаҳрвандиро барои гирифтани шиноснома ба маротиб осон намуд.

Маркази матбуотии палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки тағйирот дар қонунгузорӣ ба гурӯҳи муайяни шаҳрвандон имкон медиҳад, то ба таври содда соҳиби шиносномаҳо гарданд:

- шахсоне, ки то 1-уми январи соли 2005 дар ҷои истиқомати доимӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд ва қаблан шаҳрвандии давлати хориҷӣ надоштанд;

- онҳое, ки 15 сол боз дар Ӯзбекистон ба ҳайси шахси бешаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд.

Ба ин васила шумораи шахсони бешаҳрвандӣ дар кишвари мазкур коҳиш хоҳад ёфт.

Қаблан раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид намуда буд, ки тақрибан 20 ҳазор нафар афроди бешаҳрвандӣ, ки то соли 2005 дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, шиносномаҳои кишварро хоҳанд гирифт.

Қонун пас аз имзои президент ба иҷро медарояд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта қариб 50 ҳазор шахсони бешаҳрвандӣ шиносномаи Ӯзбекистонро гирифтанд.

Ӯзбекистон қоидаҳои будубоши шаҳрвандонро дар марз тағир медиҳад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед