Ru  | Tj
Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара соҳиби хонаҳои нав мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Акс: Интернет

Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара соҳиби хонаҳои нав мешаванд

Нашр шуд

Дар назар аст, ки ба наздикӣ манзилҳои нав ба сокинони аз муноқишаи марзӣ зарардидаи деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён дар як маросим бо иштироки масъулини ҳукумат тақдим карда шавад.

Маъруф Муҳаммадзода, мудири шуъбаи сохтмони ҳукумати Суғд ва сардори Ситоди бартарафсозии паёмади муноқишаи марзӣ дар робита ба ин масъала гуфтааст, ки кор дар умум барои таъмир ва азнавсозии ҳудуди 40 манзил дар деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ҷараён дорад.

“Аз ин миқдор беш аз 16 манзил шурӯъ аз таҳкурсӣ ба пуррагӣ нав карда шуда, боқимонда, ки қисман вайрон шудаанд, таъмир карда мешаванд. Барои иҷрои ин корҳо ҳудуди 180 сохтмончӣ ба ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҷалб шудаанд”, - гуфт Муҳаммадзода.

Тибқи иттиллои роҳбари Ситоди бартарафсозии оқибатҳои муноқишаи марзӣ дар Суғд то имрӯз бахши умдаи корҳо ба иҷро расонида шуда, қарор аст, баъд аз 10 –уми июн, хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ тақдим карда шаванд.

Тоҷикистон нақша дорад, ки бо С.Петербург корхонаҳои муштарак бунёд кунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед