Ru  | Tj
Солеҳзода: Кишварҳои СҲШ шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон ҳастанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Солеҳзода: Кишварҳои СҲШ шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон ҳастанд
Акс: Sputnik

Солеҳзода: Кишварҳои СҲШ шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон ҳастанд

Нашр шуд

Солеҳзода дар Тошканд гуфт, ки қариб 70 дарсади муомилоти молии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рост меояд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Ашӯрбой Солеҳзода, муовини аввали роҳбари ин ниҳод, ки дар раъси ҳайати Тоҷикистон дар  Форуми иқтисодии СҲШ дар Тошканд иштирок намуд, зимни суханронӣ зикр кард, ки бузургтарин шарикони тиҷоратии Душанбе маҳз кишварҳои узви СҲШ мебошанд. 

Вай бо ситоиш аз сатҳи олии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай афзуд, ки гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва давлатҳои узви ин созмон дар шашмоҳаи аввали соли 2022 68 фоизро ташкил додааст.

Манбаъ мегӯяд, дар ҳамоиши мазкур намояндагони Чин, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва Русия низ ширкат ва суханронӣ намудаанд. 

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш масоили марбут ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонӣ, тиҷорати электронӣ, «иқтисоди сабз», кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ ва рушди минбаъдаи робитаҳо дар бахши нақлиёту логистика баррасӣ шудааст. 

Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 16-17-уми август дар Тошканд дар доираи раёсати давраии Ӯзбекистон дар ин созмон баргузор гардид.
Имсол раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхайро Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба уҳда дорад ва 16-17-уми сентябр дар пойтахти ин кишвар саммити навбатии СҲШ баргузор мегардад.

Созмони ҳамкории Шанхай 15-уми июни соли 2001 бо баёнияи муштараки сарони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.

БАОР: Иқтисоди Тоҷикистону Арманистон афзоиш ва аз Русияву Белорус коҳиш ëфтааст



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед