Ru  | Tj
Соли 2021 маҳсулоти ниёзи мардум ба ҳудуди гумруки Хатлон ба арзиши 120 миллион доллар ворид шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли 2021 маҳсулоти ниёзи мардум ба ҳудуди гумруки Хатлон ба арзиши 120 миллион доллар ворид шудааст
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Соли 2021 маҳсулоти ниёзи мардум ба ҳудуди гумруки Хатлон ба арзиши 120 миллион доллар ворид шудааст

Нашр шуд

Соли 2021 ба қаламрави гумрукии Хатлон зиёда аз 33 000 тонна нуриҳои минералӣ ба арзиши 7,4 миллион доллар ворид гардидааст.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон таъкид доштааст, ки ҳанӯз воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва дигар намуди хӯрока, ки барои истеҳсоли онҳо дар вилоят захираҳо бешуморанд, аз хориҷи кишвар зиёд аст.

Президент қайд намудааст, ки соли 2021 ба қаламрави гумруки ин вилоят маҳсулоти ниёзи аввал ва дигар намуди молу маҳсулот ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки 31%-и ҳаҷми умумии воридоти Хатлонро фаро мегирад.

Ҳамчунин, ба даъвои раисҷумҳури Тоҷикистон, ба бозори истеъмолии Хатлон миқдори зиёди чунин молу маҳсулот ба воситаи гузаргоҳҳои гумрукии дигар минтақаҳои мамлакат низ ворид мешавад.

"Бори дигар таъкид месозам, ки барои истеҳсоли чунин молу маҳсулот дар вилоят имкониятҳои зиёд мавҷуданд, вале истифода нашуда истодаанд", арз доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, Сарвари давлат ишора намудааст, ки талаботи Хатлон ба нуриҳои минералӣ дар 1 сол зиёда аз 110 000 тонна буда, он пурра аз ҳисоби воридот таъмин мегардад ва истеҳсоли он дар вилоят ҳанӯз роҳандозӣ нагардидааст.

Ҳамзамон, дар фарҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур додааст, ки бо ҷалби васеи соҳибкорону сармоягузорон ва истифодаи захираҳои фаровони вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотиро афзоиш диҳанд.

Ёдрас мешавем, ки дар бозори истеъмоли вилояти Хатлон талабот ба маводи доруворӣ тақрибан 37 миллоион долларро ташкил дода, соли 2021 ба ҳудуди гумруки вилоят маҳсулоти доруворӣ ба арзиши 1,2 миллион доллар ворид гардида буд. Дар ҳамин давра дар вилоят маводи доруворӣ ба маблағи 43 ҳазор доллар истеҳсол шуда буд.


Байни Тоҷикистону Русия долони гумрукии соддашуда роҳандозӣ гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед