Ru  | Tj
Соли 2022 дар Тоҷикистон 770 ҳолати нақзи қонуни танзим сабт шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли 2022 дар Тоҷикистон 770 ҳолати нақзи қонуни танзим сабт шудааст
Акс: Интернет

Соли 2022 дар Тоҷикистон 770 ҳолати нақзи қонуни танзим сабт шудааст

Нашр шуд

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеъаш гуфт, ки соли 2022 дар ин кишвар 770 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба риоя накардани талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи Давлатзода, ин нишондод нисбат ба соли 2021 (681) 89 ҳолат бештар мебошад.

Дар ин баробари зикр шуд, ки соли гузашта хатнасури хайриявии 2018 тифл ва тӯйи домодиву арӯсии 93 ҷуфт аз хонаводаҳои бенаво дар Тоҷикистон баргузор шудааст.

Ҳамзамон дар ин нишасти матбуотӣ таъкид шуд, ки дар соли 2022 аз ҷониби кумитаи мазкур ташхиси динии маводи гунонуни чопӣ ва электронӣ баргузор шудааст. Аз ҷумла 54060 номгӯй адабиёти динӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ, 13264 адад варақа аз саҳифаҳои интернетии корбарон, инчунин 370 адад фитта, 47 адад телефони мобилӣ, 3 адад флешкорт, 3 ноутбук ва 1 адад протсессори дорои 16389 адад сабти видеоӣ ва аудиоӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар натиҷа аз ин теъдод ба 274 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротӣ хулосаи манфӣ ва ба 191 дархост хулосаи мусбат дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ инчунин масъалаи фиристондаи зоирони тоҷик барои мавсими Ҳаҷ-2023 баррасӣ шуд. Сулаймон Давлатзода дар ин замина таъкид кард, ки нархи сафари ҳаҷ барои шаҳрвандони ин кишвар дар соли ҷорӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст ва эҳтимол дорад нархи он дар қиёс бо соли гузашта каме поин равад.

Ба гуфтаи вай, то кунун арзиши хадамоте, ки дар Арабистони Саудӣ барои зоирон ироа мегардад, ҳанӯз ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод нашудааст. Танҳо баъди ҳамоҳанг намудани нархномаҳо Кумитаи дини Тоҷикистон нархи ниҳоии сафари ҳаҷро барои мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисории ин кишвар пешниҳод хоҳад кард.

Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта нархи сафари ҳаҷ барои ҳар зоири тоҷикистонӣ 61 ҳазор сомонӣ ва ё худ 5350 доллар муайян шуда буд. Арабистон Саудӣ дар соли 2022 барои Тоҷикистон 3562 адад саҳмияи Ҳаҷ ҷудо карда буд, ки гуфта мешавад имсол шумораи саҳмияи ҳаҷ то 7 ҳазор афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол тибқи омори Кумитаи дини Тоҷикистон дар ин кишвар 49 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, дар маҷмӯъ 4058 адад иттиҳодияи динӣ фаъолият дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед