Ru  | Tj
Соли 2022 дар Тоҷикистон узви 41 гурӯҳи ҷиноятӣ ошкор ва боздошт шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли 2022 дар Тоҷикистон узви 41 гурӯҳи ҷиноятӣ ошкор ва боздошт шудааст
Акс: imruz.tj

Соли 2022 дар Тоҷикистон узви 41 гурӯҳи ҷиноятӣ ошкор ва боздошт шудааст

Нашр шуд

Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз соли 2022 гуфт, ки соли гузашта дар ин кишвар беш аз 4 тонна анвои мухаддарот кашф ва мусодира шудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода, раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод, ки аз ҷониби кормандони ин ниҳод   дар соли 2022 аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 520 кг маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2021 45,5 дарсад зиёд аст. Ҳамчунин дар ин давра 5 кг 303 грамм моддаҳои психотропӣ мусодира карда шудааст.

Ҳамзамон Ҳабибулло Воҳидзода таъкид кард, ки кормандони ин ниҳод фаъолияти 37 гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 89 нафар ва 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро дар ҳайати 6 нафар ошкор ва аъзои онро боздошт кардааст.

Инчунин дар соли гузашта Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон бо мақомоти салоҳиятдори Русия ду амалиёти муштарак гузаронид, ки дар натиҷа беш аз 3 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.

Дар идома зикр шуд, ки соли гузашта аз ҷониби ниҳоди мазкур 99 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 147 нафар ба додгоҳ ирсол гардида, ба молумулки ҷинояткорон ба маблағи 1 млн 881 ҳазору 330 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 1 млн 537 ҳазору 130 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин робита бо ҳукми додгоҳ аз ҷинояткорон наздики 100 ҳазор сомонӣ пули нақд, 9 адад автомашинаи гаронарзиш ба маблағи 1 млн 137 ҳазору 170 сомонӣ, телефонҳои мобилӣ ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ва тамоку ба маблағи 640 ҳазору 260 сомонӣ ба фоидаи давлат мусодира карда шудааст.

Ҳамчунин дар соли гузашта 276 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва дар ин робита 301 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, ки аз онҳо наздики 266 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шудааст.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки тибқи таҳлилҳо дар соли 2022 дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаву 169 грамм маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 2% кам мебошад. Аз ин ҳисоб ба Вазорати корҳои дохилӣ 1 тоннавк 412 кг 456 грамм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 2 тоннаву 8 кг 481 грамм, Ожонси зиддифасод 34 кг 861 грамм ва ба Хадамоти гумрук 23 кг 841 грамм рост меояд.

Мутобиқи маълумоҳои оморӣ дар соли 2022 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 688 ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 ё 2,7 дарсад кам аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед