Ru  | Tj
Соли 2024 барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 5 милярд сомонӣ сармоягузорӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли 2024 барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 5 милярд сомонӣ сармоягузорӣ мешавад
Акс: Sputnik / Стас Этвеш

Соли 2024 барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 5 милярд сомонӣ сармоягузорӣ мешавад

Нашр шуд

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки соли оянда барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" аз тамоми сарчашмаҳо наздики 5 милярд сомонӣ сармоягузорӣ дар назар аст. Дар ин бора нашрияи парлумонии "Садои мардум" хабар дод.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ахиран дар ҷасалаи Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии лоиҳаи будҷаи давлатӣ барои соли 2024 гуфт, ки дар даҳ моҳи соли равон барои сохтмони нерӯгоҳи барқобии «Роғун» 4,3 милярд сомонӣ масраф шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар будҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ барои нерӯгоҳи "Роғун" 2,8 милярд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ба таъкиди Қаҳҳорзода, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷалби маблағҳо дар чаҳорчӯби 2,2 милярд сомонӣ барои ин тарҳи бузурги энержӣ дар назар аст.

Ба хулосаи вазири молияи Тоҷикистон, аз рӯйи нақша сармоягузории наздики 5 милярд сомонӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар соли 2024 барномарезӣ шудааст.

Бояд таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир ҷониби Тоҷикистон дар заминаи ҷалби қарзи имтиёзнок аз Бонки сармоягузории зерсохтҳои Осиё (Чин) ба маблағи 500 милён долар тавофуқ кардааст.

Афзун бар ин Бонки Исломии Рушд қасд дорад ҳаҷми сармоягузорӣ дар тарҳи нерӯгоҳи "Роғун"-ро аз 150 милён долари қаблан эълоншуда ба 250 милён долар афзоиш диҳад.

Ҳамзамон моҳи октябри соли равон Сандуқи рушди Арабистони Саудӣ низ омодагии худро барои ҷудо кардани қарз ба маблағи 100 милён долар барои тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" эълон кард.

Гуфтанист, нерӯгоҳи "Роғун" бо иқтидори 3600 мегаватт бузургтарин нерӯгоҳи барқобии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ин нерӯгоҳи обӣ бо сарбанди 335 метрӣ дар сурати баҳрабардории комил солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир ду чархаи нерӯзои нерӯгоҳи барқобии "Роғун" фаъолият дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед